Ҷамъомади идона бахшида ба солгарди дуюми Клуби «Хонуми ядрои».

Рӯзи 4 марти соли 2022 ҷамъомади идона бахшида ба солгарди дуюми Клуби «Хонуми Ядрои» баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 60 иштирокчӣ, аз ҷумла иштирокчиёни хориҷӣ бо тариқи онлайн иштирок карданд.
Бо сухани хушомадед директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Агентии амнияти ХБРЯ НАНТ) Илҳом Мирсаидзода баромад намуд. Ӯ иштирокчиёнро бо солгарди II Клуб ва Рӯзи Модар табрик гуфт. Дар суханронии худ ӯ аҳамияти занонро дар ҳаёти мо, илм ва фаъолияти ҷамъиятӣ таъкид намуда, рушду пешрафти минбаъдаи Клуб ва расидан ба ҳадафҳои гузоштаро таманно кард. Пас калима ба намояндагони WIN аз хориҷи кишвар дода шуд, ки онҳо низ ҳамаи иштирокчиёни Клубро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик карда, рушди минбаъда ва таъсиси Клуби минтақавии занонро таманно карданд.
Нодира Ҳокимова – президенти Клуби «Хонуми Ядрои» иштирокчиёнро бо барномаи ҷаласа ошно намуд, ки он ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти соли 2021 ва интихоби президенти навро дар бар мегирифт.
Дар презентатсияи ҳисоботӣ доир ба баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ «Нақши занони олим дар рушду инноватсия ва технология» ки 16-20 августи соли 2021 дар шаҳри Ғулистон баргузор шуд, зикр гардид. Ҳамчунин дар бораи аксияҳои хайриявӣ, лексияҳои иттилоотӣ барои хонандагон ва чорабиниҳои фарҳангӣ сухан ронда шуд.
Тибқи барномаи ҷаласа интихоботи президенти нав ва ду муовини ӯ баргузор гардид.
Президенти нави Клуби «Хонуми Ядрои» Сафиёева Зарина – мудири шуъбаи хизматрасонии таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ НАНТ интихоб гардид. Муовинони нав Шарофова Мижгона (доктори илми тиб) — сарвари лабораторияи биотехнология дар Маркази рушди инноватсионӣ ва технологияҳои нави НАНТ ва ҳамзамон директори Институти тибби Авиценна ва фармакология ва Каюмова Дилором — номзади илми тиб, корманди калони илмии лабораторияи «Сифати об, изотопҳо ва санитария» дар Маркази омӯзиши яхзании Тоҷикистон НАНТ таъйин шуданд.
